То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 51 иншоот мавриди истифода қарор дода мешаванд

Июль 28, 2018 10:35

ДУШАНБЕ, 28.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз ҳисоби марказҳои хайриявӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ  бо 2364 ҷойи нишаст дар як баст 12 муассисаи таълимии замонавӣ ва 15 истироҳатгоҳи оммавӣ  сохта ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотии ноҳияи Варзоб ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  иттилоъ дода шуд.

Раиси ноҳияи Варзоб Муҳамадулло Шерализода инчунин зикр кард, ки то ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатӣ  ду меҳмонхона, ду  истироҳатгоҳи оммавӣ,  бинои Қасри фарҳанг бо 350 ҷойи нишаст ва 30 утоқи корӣ, бинои беморхонаи марказӣ ва як муассисаи таълимӣ бо 200 ҷойи нишаст мавриди истифодабардорӣ қарор мегирад.

Бино ба маълумоти масъулини ноҳия, дар доираи нақшаю чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ бунёди 51 иншооти муҳими ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ дар назар дошта шудааст.

Июль 28, 2018 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст