«Тоҷикистон-Чин-Покистон. Даҳлези тиҷоратии Осиё ва ҷаҳон» – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июль 12, 2018 14:25

ДУШАНБЕ 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти содиротии мо дар бозори хориҷӣ ва истифодаи васеи афзалиятҳои инноватсиониву истеҳсолии кишвар бояд аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ бошанд. Зеро ин масъала шарти асосии рушд дар ҷаҳони муосир аст», — бо ҳамин дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз» шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (10.07.2018, №135) дастраси хонандагон шудааст. Нашрия аз машварати кории Сарвари давлат, ки 9 июли соли ҷорӣ дар Қасри миллат баргузор гардид, гузориши муфассал чоп кардааст. Зимни машварати мазкур масъалаҳои вобаста ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ, омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 баррасӣ гардиданд.

Дар машварат ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои омода кардани пойтахт ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вобаста ба ҷараёни иҷрои корҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо шунида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҳозир корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда, бо иштироки фаъоли мардум дар шаҳри Душанбе иншооти наву муосири таъйиноти гуногун ба истифода дода шаванд. Дар ҷаласа ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019, таъмини пурраи иншооти пойтахт бо гармӣ ва неруи барқ, захираи зарурии маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ, инчунин дигар корҳои ободонӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

«Рушди тафаккури илмӣ роҳи наҷот аз таассубу ифротгароист»-бо чунин сарлавҳа нашрия мақолаи таҳлилии Хусрави Шерзодро чоп кардааст. Муаллифи мақола бо овардани таърихи кушта шудани донишвари замон Мирзо Улуғбек аз дасти ифротиён навиштааст: «Дар ҷомеаҳое, ки шуури динии хурофотӣ бар шуури илмию воқеъгароёна авлавият дорад, ба осонӣ метавон мардумро алайҳи ҳама гуна падидаҳои навгароёнаву модернизм ва секулорӣ шӯронид. Дар ин росто ҳақ ба ҷониби коршиносони сиёсии ватанӣ аст, ки мавҷудият ва ҳифзи шуури динии хурофотиро дар ҷомеаҳои мавриди назар ба нафъи гурӯҳҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ медонанд. Аз ин аст, ки манфиатҷӯёни байналмилалӣ барои ба шуури пешбар ва асосии ҷомеаи мо табдил додани шуури мутаассибонаи динӣ кӯшида, мехоҳанд, ки мо аз масири маҳдуди тафаккури хурофотии динӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ по берун нагузорем ва барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ саъйю талоши ҷиддӣ надошта бошем, зеро агар тафаккури илмӣ рушд кунад, саноат рушд хоҳад кард ва дар он сурат мо дигар манбаи дастрасии ашёи хом ва бозори фурӯши маҳсулоти саноатии онҳо буда намметавонем… Маҳз ба ҳамин хотир неруҳои манфиатҷӯи минтақа ва байналмилалӣ намехоҳанд, ки тафаккури ҷомеаи мо илмӣ бошад». Дар идомаи ҳамин мавзӯъ нашрия мақолаи Ю.Сиддиқов: «Терроризм. Кишвари мо дар садри мубориза қарор дорад»-ро чоп кардааст. Муаллиф талошҳои роҳбарияти олии мамлакатро дар мубориза ба муқобили вабои аср – терроризм ва экстремизм бо рақаму далелҳо зикр кардааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (11.07.2018, №136) мақолаҳои «Дарси ватандорӣ», «Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти геополитикии он дар Осиёи Марказӣ», «Тоҷикистон-Чин-Покистон. Даҳлези тиҷоратии Осиё ва ҷаҳон», «Парки миллӣ беҳтарин макон барои сайёҳӣ», «Тири хокхӯрда. Ё чаро роҳбари террористони наҳзатӣ ба таҳқири миллат гузашт?» ва хабару гузоришҳои ҷолиб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву варзишии Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон пешкаши хонандагон шудаанд. Муаллифони мақолаи «Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти геополитикии он дар Осиёи Марказӣ» чунин изҳори назар кардаанд:  «Маҳз ҳамин тундгароёни динии иртиҷоъпараст зери ниқоби ватандориву ватанхоҳӣ мардумро ба сарнагун намудани сохти конститутсионӣ даъват намуда, ба олами ҷаҳолати динӣ мебурданд. Албатта, яке аз сабабҳои сар бардоштани тундгароёни динӣ аз он иборат буд, ки миллати тоҷик дар солҳои аввалини истиқлолияти ватанамон пешво надошт, ки соҳиби қудрати сарҷамъ намудани тамоми қишрҳои ҷомеа бошад. Аз ин доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ хеле хуб фоида бурданд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид, ки нақши асосиро дар он маҳз тундгароёни динӣ бозиданд, чунки онҳо аз оғози фаъолият фақат як ҳадаф доштанд: сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Онҳо ҳеҷ гоҳ тарафдори давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон набуданд ва нахоҳанд буд».

Мавриди зикр аст, ки чоп шудани чунин мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ талаботи замони муосир буда, ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлатсозӣ ва миллатсозӣ дар замони мураккаби муосир мебошад. Зеро гурӯҳҳои сиёҳкори ватанфурӯши хиёнатпеша, ба мисли ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ агарчӣ аз Тоҷикистон берун шуда бошанд ҳам, мисли мори захмхӯрда дар камин қарор гирифта, ҳамеша барои заҳр задан ба Тоҷикистону сокинони он мавриди муносиб меҷӯянд.

Дар мақолаи «Тири хокхӯрда. Ё чаро роҳбари террористони наҳзатӣ ба таҳқири миллат гузашт?» омадааст: «Дар ҳоле ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар заминаи ибтикороти судманду дорои аҳамияти байналмилалӣ обрӯи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш боло бурда истодаанд, гурӯҳи террористони наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирӣ ин миллатро «тарсу» муаррифӣ мекунанд, ки аз рӯи виҷдон нест. Ба андешаи ин ҷониб, чунин ҳамоқат як навъ қасосгирии Кабирӣ аз мардуми шарифи кишварамон аст. Зеро кабиримаобон то андозае бовар доштанд, ки шояд ин навбат низ баъзе доираҳои аҳолӣ фирефтаи афсонапардозиву дурӯғгӯии онҳо шаванду ба ин васила наҳзатиҳо боз «обро лой карда, моҳӣ доранд». Дар идомаи фикри хеш муаллиф шикасти бебозгашти Кабирӣ ва ҳамроҳонашро зимни кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 қайд карда, навиштааст: «Табиист, ки чунин тарзи кор Кабириро хеле хашмгин намудааст. Агар номбурда то ин замон бо шикваву фазлфурӯшӣ таваҷҷуҳи мардумро ҷалб кардан мехост, баъд аз муътақид шуданаш ба он ки мардум дигар ба онҳо бовар надоранд, ба таҳқири миллат шурӯъ кард. Намунаи барҷастаи чунин таҳқирсозиро дар сафсатахониҳои охири ӯ метавон мушоҳида кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷониби мардум набояд бепосух монад».

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (12.07.2018,№86) бо сарлавҳаи «Қурбониёни савдои одамон киҳоанд ва чӣ ҳуқуқ доранд?» мусоҳиба бо муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳотам Назарзодаро пешкаши хонандагон кардааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон қариб 4 миллион нафар мавриди харидуфурӯш қарор мегиранд. Моҳиятан хариду фурӯши одамон як намуди ғуломӣ дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон низоми устувори ҳуқуқӣ ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон амал мекунад. Бо ташаббуси Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардида, дар амал татбиқ карда мешавад. Мусоҳиб оид ба моҳияти қонуни мазкур ва дигар паҳлӯҳои ин масъала маълумот додааст.

«Кӯлбори аҷиби марди наҷиб», памфлети «Кӯдаки тиллоӣ», «Қабули Барномаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва табобати беморони гемофилия зарур аст» ва «Осори Сайидо пурра таҳқиқ нашудааст» — чунинанд маводи дигари нашрияи «Садои мардум»,   ки пешниҳоди хонандагон шудаанд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон  аз ҷараёни сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона, мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабару гузориш чоп карда, мақолаҳои «Тоҷикистон дар роҳи тараққиёти устувор», «Ватанам қиблаи ман», «Пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Баъзе паҳлӯҳои ҷанги сард» ва «Марди қолабшикан»-ро нашр кардааст.

Июль 12, 2018 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав бо иштироки 5000 нафар роҳпаймоии идона баргузор гардид
Ба сокинони Файзобод муҳтавои суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин расонида шуд
Дар Суғд лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли неруи барқ аз нури Офтоб ва бод татбиқ карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Машҳад маросими видоъ ва ҷанозаи Президенти Ҷумҳурии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ баргузор мешавад
Ҳама роҳҳо ба сӯи «Анор» мебаранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ». Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд