Тоҷикистон дар «Дубай ЭКСПО-2020» иштироки фаъол хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки аз 20 октябри соли 2020 то 10 апрели соли 2021 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, иштироки фаъолона намояд.
Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид иброз дошта шуд.
Зикр шуд, ки чанде пеш дар шаҳри Дубай зимни вохӯрии раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо муовини президенти «ЭКСПО-2020» Умар Шиҳод масъалаҳои ташкилию техникии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ гардида буд. Масоҳати гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» 430 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки бори нахуст соли 2020 дар минтақаи Шарқи Наздик -шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб гузаронида мешавад, 180 давлати дунё ва созмонҳои байналмилалӣ ва ширкату корпоратсияҳои бузурги ҷаҳонӣ иштирок хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки аз Намоишгоҳи байналмилалии «Дубай ЭКСПО-2020» беш аз 25 миллион нафар меҳмонон боздид намоянд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






