Тоҷикистон дар Самарқанд мактаб ва дар вилояти Фарғона кӯдакистон месозад
ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҳарду кишвар иқдом гирифта шуд, ки айни ҳол шартномаи он дар арафаи имзошавӣ қарор дорад.
Тибқи ин иқдом, бояд аз ҷониби кишвари мо ду муассиса, яъне як мактаб дар вилояти Самарқанд ва як кӯдакистон дар вилояти Фарғона сохта шаванд. Ҳамзамон як мактаб дар ноҳияи Спитамен ва як маркази тиббӣ дар ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба истифода дода мешаванд.
Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев баён намуд.
Зикр шуд, ки барои таъмин ва омода намудани китобҳои дарсӣ барои муассисаҳое, ки дар он таълим бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи алоҳида фаъолият дорад.
Ҳамчунин Р. Мирбобоев зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ 77 муассисаи таълимӣ бо забони ӯзбекӣ фаъолият мекунанд. Инчунин дар 426 муассисаи таълимӣ таҳсил ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам бо ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 130 ҳазор талаба бо забони ӯзбекӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






