«Тоҷиксуғурта» дар 8 дидбонгоҳи гумрукии шаҳру ноҳияҳои Суғд ва дидбонгоҳи шаҳри Турсунзода нозирони худро ҷойгир намуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои ба суғурта фаро гирифтани масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, корхона дар 8 дидбонгоҳи гумрукии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дидбонгоҳи шаҳри Турсунзода кормандони худро ҷойгир намуда, татбиқи қарори мазкурро аз 12 майи соли 2018 то инҷониб таъмин дорад. Аз ин ҳисоб дар шашмоҳаи аввали соли равон ба андозаи 1 миллиону 52 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.
Матлаби мазкурро директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт. Мавсуф гуфт, ки соли 2016 ба дастгоҳи марказии «Тоҷиксуғурта» 129 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуд, аз ҷумла 102 муроҷиат аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва 27 муроҷиати шахсони воқеӣ.
Ба зикри Аловиддин Сатторӣ, муроҷиати шаҳрвандон бештар масъалаҳои товони зарар ба саломатӣ ва ё амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳодисаҳои суғуртавӣ расидаро дар бар гирифта, сари вақт ҳалли худро меёбанд.
Ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки имрӯз «Тоҷиксуғурта» аз рӯи 22 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки аз он 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






