Толиб Раҳматуллоев: «Бояд филмҳое ба навор гирифта шаванд, ки нигоҳдорандаи шаъну шарафи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бошанд»
ДУШАНБЕ, 08.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир дар сомонаҳо хабаре нашр шуд, ки гӯё дар Тоҷикистон минбаъд ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бе иҷозати «Тоҷикфилм» филм ба навор бигирад.
«Дастур ё фармоиши махсусе равон нагардидааст, ки дар мамлакат бе иҷозати «Тоҷикфилм» ба навор гирифтани филм манъ карда шавад»,-гуфт муовини директори «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар». Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки солҳои охир дар шабакаи Интернет ва дӯконҳои фиттафурӯшӣ филмҳои «ғайрикасбӣ» зиёд гардидаанд.
Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт: «Соли 2017 бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Киностудияи «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъсис дода шуд. Дар ин замина оинномаи он низ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар оинномаи мазкур, аз ҷумла, омадааст, ки «Тоҷикфилм» минбаъд тамоми корҳои филмбардориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати худ қарор медиҳад».
Солҳои охир филмбардорӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи талаботе, ки тамошобинон доранд, ҷавобгӯй нест. Дар ин замина Толиб Раҳматуллоев зикр намуд, ки «имрӯз филмҳое пайдо шудаанд, ки аз ҷониби филмбардорони ғайриҳирфаӣ ба навор гирифта мешаванд. Ҳамаи ин филмҳо дар шабакаи Интернет ҷойгир карда мешаванд, ки ин ба паст задани шаъну шарафи миллати мо сабаб мегардад. Мо ҳайати мушовара дорем, ки онҳо филмномаҳои ба «Тоҷикфилм» пешниҳодшударо меомӯзанд ва агар он мувофиқи талаботи замон бошад, барои ба наворгириаш иҷозат медиҳанд».
Ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки «мо фақат мекӯшем, ки дар мамлакат филмҳои баланд ва мувофиқ ба завқи тамошобин офарида шаванд. Мақсади мо сензура кардан нест ва бояд филме ба навор гирифта шавад, ки нигоҳдорандаи шаъну шарафи миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик бошад».
Қобили зикр аст, ки се сол пеш, соли 2015 Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд: «Кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани соҳа як зумра барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии соҳа «Барномаи рушди кино барои солҳои 2006 – 2010» ва «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011- 2015» қабул гардидаанд. Дар ин давра як қатор корҳои назаррас, аз ҷумла, навсозии заминаи моддию техникии «Тоҷикфилм» анҷом ёфт. Моҳе қабл аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» қабул гардид.
Тавре Толиб Раҳматуллоев иброз дошт, барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муқаррар намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меорад. Асоси ин барномаро истеҳсоли кинои ватанӣ ташкил медиҳад.
«Дар натиҷаи татбиқи он дар назар аст, ки 10 филми ҳунарӣ барои кинофестивалҳои байналмилалӣ, 9 силсилафилми ҳунарӣ, 15 филми мустанад вобаста ба сохтмонҳои аср ва шахсиятҳои маъруф, 10 филми кӯтоҳи бадеӣ, 8 филми аниматсионӣ, 5 силсилафилми аниматсионӣ, 10 филми кӯтоҳи омӯзишӣ аз ҷониби Мактаби кинематографистони ҷавон офарида шуда, 25 филм тарҷума ва дубляж карда шаванд»,-гуфт ҳамсуҳбат.
Зимнан солҳои охир саноати филмофарии тоҷик ба марҳилаи нав ворид гардида, истеҳсол ва мазмуну мундариҷаи филмҳо андаке беҳтар гардид. Филмҳои «Оинаи беҷило», «Гунҷишки сафед», «Хоби ҳамдуна» ва «Муаллим» ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалиро соҳиб гардиданд.
Толиб Раҳматуллоев иброз дошт, ки «Тоҷикфилм» ҳеҷ гоҳ ба навор гирифтани филмҳоро аз ҷониби студияҳои дигар манъ накардааст ва намекунад. «Мо ҳамеша омодаем филмномаҳои пешниҳодгардидаро омӯхта, бе мамониат ба онҳо иҷозат диҳем. Зеро мақсади ягонаи мо мутобиқ ба завқи тамошобин ба навор гирифтани филмҳо мебошад»,-гуфт ҳамсуҳбатамон.








Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






