«Тозагии соҳил-2018» ва «Тозагии маҳал»- тадбирҳои самарабахш дар самти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Июль 17, 2018 13:30

ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 20018-2028», ки моҳи марти соли 2018 оғоз гардид,   имрӯзҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Тозагии соҳил-2018» идома дорад».

Ин матлабро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Назарзода зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт.

Зикр гардид, ки танҳо дар зарфи шаш моҳи соли равон дар аксияи «Тозагии соҳил-2018» наздик ба 97 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат иштирок намуданд. Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи сокинони мамлакат дар  аксияи «Тозагии соҳил-2018» зиёда аз 316 км каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо тоза карда шуда, бо ҳаҷми 3315,93 метри мукааб партовҳо ба ҷойҳои муқарраршуда бароварда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аксияи «Тозагии соҳил-2018»  дар соҳаи ҳифз ва истифодаи захираҳои об, бо мақсади тоза нигоҳ доштани соҳилҳои дарё, каналҳо ва дигар манбаъҳои обӣ ва пешгирии ифлосшавии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон дар ин давра бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ аз ҷониби раёсату шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 65 аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуданд.

Дар  аксияи «Тозагии маҳал» қариб 40 ҳазор нафар сокинони  мамлакат иштирок намуданд, ки аз кӯчаю маҳаллаҳо ба миқдори беш аз 36,5 метри мукааб партовҳои истеъмолӣ ва сахти маиширо ҷамъоварӣ карда, ба партовгоҳҳои расмии шаҳру ноҳияҳо интиқол доданд.

Июль 17, 2018 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд