Қудрат Давлатзода: «Тоҷикстандарт» ба базаи техникии озмоишгоҳҳояш тақвият мебахшад»

Июль 23, 2018 15:17

ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Агентии «Тоҷикстандарт»  ба базаи техникии  озмоишгоҳи марказӣ ва  зерсохторҳояш  тақвият мебахшад.  Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат  Давлатзода  23 июл дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО гуфт, ки дар самти бехатарии   маҳсулоти хӯрокворӣ, хусусан муайян намудани    пестесидҳо, миқдори массавии қанд, ташхиси дақиқи  радионуклидҳо  ва дигар нишондодҳои сифатии маҳсулоти хӯрокворӣ  бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар озмоишгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои мақомоти «Тоҷикстандарт» таҷҳизоти муосир  насб карда шуданд.  Поляриметри  «АР-300» Атаго,  рефрактометрии  RMT Аббе, печи муфелии L 24/11/P 330,  тестери  «Соэкс», эквизори F4,  спектрометри СЕГ  -001 «АКП-С»-63  аз номгӯи таҷҳизоти муосири насбшуда мебошанд.

Ҳамзамон Қудрат Давлатзода афзуд, ки  Агентии «Тоҷикстандарт» бо шарикони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони ширкати «Ридаскрини»-и Германия ҷиҳати дастрас намудани  таҷҳизот барои муайян намудани  нишондодҳои бехатарии   маҳсулот, аз қабили антибиотикҳою  витаминҳо гуфтушунид дорад.

Зикр шуд, ки дар ин давра озмоишгоҳҳои  ташхисии маҳсулоти  ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ беш аз 300 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 27 ҳазор кг равғани растанӣ,  зиёда аз 67 ҳазор литр  нӯшокиҳои спиртӣ,  наздик ба 40 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнашикан,  беш 116 ҳазор  кг маҳсулоти қаннодӣ,  зиёда аз 5 ҳазор кг маҳсулоти ширӣ, беш  аз 58 ҳазор кг чой,  какао, қаҳва, 105 ҳазор кг  иловагиҳои ғизоӣ,  4,5 ҳазор кг  консерваҳо  ва дигар маҳсулотро, ки қисми бештарашон  воридотианд, ғайристандартӣ  донистанд. Нисбат ба воридкунандагони  ин маҳсулот  тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Дар ин давра дар доираи  пешгирии  воридоти маҳсулоти  ғизоии пастсифат  зимни гузаронидани  назорати давлатӣ  дар 2 ҳазору 349 ҳолат  ба миқдори беш аз 1 миллиону 148 ҳазор кг  маҳсулоти ғизоии  гуногуни ба талабот   ҷавобгӯ набуда,  ба қайд гирфита шудааст, ки беш аз 955 ҳазор кг  он  маҳсулоти аз ҷиҳати  бехатарӣ ва  зиёда аз 192 ҳазор кг аз рӯи тамғагузорӣ дар  борҷомаашон  ба талабот ҷавобгӯ набуданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати  истеъмолкунандагон аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» 6 ролики таблиғотӣ таҳия гардида, тавассути ВАО беш аз 151 маротиба ба самъи истеъмолкунандагон расонида шуданд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки Агентии  «Тоҷикстандарт»  ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ  аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии шаҳрвандон хатарнок  дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти  давлатии  назоратӣ, хусусан Кумитаи бехатарии  озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми тозатаъсис аст ва Хадамоти гумрук  бо назардошти таъсиси  гурӯҳҳои  корӣ амалҳои мушаххас  ба анҷом расонид.

Июль 23, 2018 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад