Ҳукумати Германия ва ширкати «Помирэнерҷӣ» барои навсозии неругоҳи хурди Оқсуи ноҳияи Мурғоб 8,7 млн евро ҷудо карданд

Июль 20, 2018 11:23

ХОРУҒ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. То фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ навсозии неругоҳи хурди барқии Оқсуи ноҳияи Мурғоб пурра ба анҷом расида, сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ аз мушкилоти камбуди неруи барқ пурра раҳоӣ меёбанд. Ин неругоҳи хурди барқӣ дар гузашта ҳамагӣ 200 квт/соат қувваи барқ истеҳсол мекард ва мутобиқи реҷа, пас аз чор, баъзан панҷ соат он ба идораву муассиса ва хонаҳои  сокинони маркази ноҳия интиқол меёфт.

Ба иллати сардии ҳаво дар ин ноҳия ягон намуди дарахт намерӯяд, то мардум бо он хонаҳояшонро гарм кунанд. Аз ин рӯ сокинони ноҳия ба сифати ҳезум  аз решаи растании трескен истифода мебаранд, ки он ғизои асосии қутос ба шумор меравад. Дар сурати минбаъд решакан кардани ин растанӣ соҳаи қутоспарварӣ низ рӯ ба таназзул меорад.

Бинобар ин  бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ду сол пеш ба таҷдиди пурраи ин неругоҳ шурӯъ намуданд.

Мутобиқи шартномаи байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Германия бонки  германии  KFW барои навсозии ин неругоҳ 7,4 млн евро ҷудо кард. Сухангӯи ширкати «Помирэнерҷӣ» Абдулло Амонбеков гуфт, ки «бо мақсади бо сифати хуб ва сари вақт ба анҷом расондани таҷдиди неругоҳи «Оқсу»  ширкати барқии «Помирэнерҷӣ», ки масъулияти сохтмони ин  неругоҳро бар дӯш дорад, боз 1,3 млн евро илова намуд. Дар ин ноҳия асрҳо боз ду миллати бо ҳам бародар- тоҷику қирғиз бо ҳам дӯстона зиндагӣ мекунанд ва дар ғаму шодии ҳамдигар шарик мебошанд. Дар бунёди ин неругоҳ низ ин ду миллат аҳлона саҳм мегузоранд».

Ба гуфтаи Абдулло Амонбеков, неругоҳи қаблӣ аввали солҳои шастум бо тавоноии 500 киловат-соат неруи барқ бунёд ёфта буд, аммо бо сабаби кӯҳнаву фарсуда гаштани таҷҳизоташ солҳои охир ҳамагӣ 200 квт-соат барқ истеҳсол мекард. Баъди навсозӣ иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳ 8 баробар зиёд гардида, то ба 1,500 квт- соат расонда мешавад.

Баландии сарбанди ҳавзи сунъӣ  64 метр буда, паҳноии он 12 метрро ташкил медиҳад. Дарозии канали обгузар  зиёда аз 3 км мебошад, ки рӯзҳои наздик сохтмони он пурра ба охир мерасад. Хатҳои интиқоли 04 ва 10-киловолтаи неруи барқ пурра иваз карда шуданд.

Июль 20, 2018 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад