Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо мақомоти авиатсионии давлатҳои хориҷӣ тавсеа мебахшад

Июль 30, 2018 14:21

ДУШАНБЕ, 30.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти авиатсионии  кишварҳои хориҷӣ дар самти васеъ намудани ҷуғрофиёи парвозҳо ҳамкории мутақобилан судмандро тақвият медиҳад.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Субҳонзода дар  нишасти матбуотӣ   30 июл дар Душанбе гуфт, ки  алҳол лоиҳаи  созишномаҳо   оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва давлатҳои  Финляндия, Франсия, Шри Ланка, Ветнам, Малайзия, Гурҷистон, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британияи Кабир  ва Ирландияи Шимолӣ   дар сатҳи баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Зикр шуд, ки дар ин давра ширкатҳои   ҳавопаймоии ватанӣ  дар 33 самт ба 10 давлати хориҷӣ, назири  Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон ва Олмон  парвозҳоро анҷом доданд.

Директори Агентӣ ҳамчунин зикр намуд, ки  «дар ин давра фурудгоҳҳои байналмилалии  Ҷумҳурии Тоҷикистон- Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар  ба зиёда аз 928 ҳазор нафар   мусофирон хизмат расониданд».

Аз ҷумла,   Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ба  зиёда аз 615 ҳазор, Фурудгоҳи байналмилалии  Хуҷанд ба 262 ҳазор, Кӯлоб 50 ҳазор мусофир ва Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар  ба 3 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд.

Инчунин  дар ин муддат аз  ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат  -«Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»  беш аз 385 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки аз ин омор интиқоли 152 ҳазор мусофир  ба  ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» ва  зиёда аз 233 ҳазор мусофир ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  рост меояд.

Июль 30, 2018 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад