Ҳунарҳои мардумӣ яке аз васоити асосии муаррифии таъриху фарҳанганд

Июль 7, 2018 12:28

ДУШАНБЕ, 07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар деҳаи Панҷосиёби поёни Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар намоиш занон ва ҳунармандони деҳа маҳсули дасти худро ба тамошо гузоштанд.

Зикр шуд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Эҳё   гардидани  ҳунарҳои мардумӣ, аз  як тараф  истеъдоди баланди тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохта, аз тарафи дигар, барои паст кардани сатҳи бекорӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Ҳунармандон изҳор доштанд, ки дар ин сол яке аз дастгириҳои саривақтии Сарвари давлат ин аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳама намудҳои андоз озод гардид.

 

Июль 7, 2018 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд