Урумчӣ мизбони Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Чин Аврупо Осиё -2018» мегардад

Июль 6, 2018 14:45

ДУШАНБЕ, 06.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки бархе аз ширкатҳои молистеҳсолкунандаи Тоҷикистон   дар Намоишгоҳи «Экспо Чин Аврупо Осиё -2018», ки аз 30 август то 8 сентябр дар  Маркази намоишгоҳи байналмилалии маркази маъмурии музофоти Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин- шаҳри Урумчӣ баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ  «Ховар» хабар доданд.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои тавлидотии  минтақаҳои гуногуни Чин ва дигар кишварҳои Аврупою Осиё маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ ва нассоҷӣ, ҷавоҳироти аз сангҳои қиматбаҳо омодагарида, инчунин таҷҳизоти муосири истеҳсолиро ба намоиш  мегузоранд.

Дар доираи намоишгоҳ ҳамзамон баргузории мулоқоту суҳбатҳои  доираҳои тиҷоратию соҳибкорони кишварҳое, ки дар намоишгоҳ иштирок намуда, маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд, дар назар дошта шудааст.

 

Июль 6, 2018 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд