Ҳусайн Идиев, раиси «Тоҷикматлубот»: «Нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли гузашта 50-60% арзонтар шудааст»

Июль 24, 2018 13:45

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии бозори Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мастчоҳ ва корҳои таъмиру навсозии бозори Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Ховалинг  дар назар аст.

Ин нуктаро раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев имрӯз зимни нишасти   матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.

Ба иловаи мавсуф, имрӯз бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар бозори истеъмолӣ ва таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маҳсулоти тоза дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Хусусан дар моҳи шарифи Рамазон тибқи барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 8 майи соли 2018 ва мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2018 бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва бо нархҳои дастрас  таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҳамарӯза дар ҷойҳои муайяншуда ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуда, маҳсулот бо нархҳои аз бозор нисбатан арзонтар  ба фурӯш гузошта мешаванд.

Ҳамчунин дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо мошинҳои махсуси боркашонӣ савдои сайёри маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намуди маводи ғизоӣ роҳандозӣ шудааст, ки аҳолии пойтахт метавонандаз онҳо бо нархи дастрас маҳсулот харидорӣ намоянд.

«Имсол нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли гузашта 50- 60% арзонтар аст. Нархи картошка соли 2017, хусусан дар ҳамин шабу рӯз 4 сомониву 70 дирамро ташкил медод. Имрӯз  ин намуди маҳсулот дар бозорҳои кишвар 1,50-2 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин  нархи пиёз  соли гузашта 4 сомонию 50 дирам буд, вале имрӯз ин нарх аз 80 дирам то  1 сомонию 30 дирамро ташкил медиҳад.  Имрӯз Иттифоқи «Тоҷикматлубот» кӯшиш дорад маҳсулотро аз деҳқон бо нархи арзон харида, ба аҳолӣ пешниҳод кунад»,- мегӯяд Ҳусайн Идиев.

Ба гуфтаи раиси «Тоҷикматлубот», барои  таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар давраи тирамоҳу зимистон захираи 620 тонна пиёз ва 600 тонна картошка дар назар аст.

Июль 24, 2018 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад