ҲУШЁР БОШЕД ВА БА ДОМ НААФТЕД! Чунин муроҷиат намудааст ба тоҷикони бурунмарзӣ Ҷамъияти тоҷикони Миср дар изҳороти худ дар иртибот ба «маҳфил»-и хонаводагии ТТЭ ҲНИ
ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба нишонии АМИТ «Ховар» аз номи Ҷамъияти тоҷикони Миср изҳорот ворид гардид, дар он амали ҷинояткорони роҳбари фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ доир ба баргузор намудани ба ном ҷашни ваҳдати миллӣ маҳкум карда шудааст. Зарур донистем, ки мундариҷаи изҳороти мазкурро пешкаши хонандагони сомона гардонем.
«Пас аз гузашти зиёда аз ду ҳафта аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ниҳоят, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ барои таҷлили ин рӯз имконият ва сарчашмаи молӣ аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ пайдо намуданд. Доир ба ин, ёдовар мешавем, ки бо баҳонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ онҳо зодрӯзи пешвои рӯҳонии худ, яъне роҳбари шиаҳо – Хумайниро ҷашн гирифтанд. Вале воқеияти кор нишон медиҳад, ки аз байни даъватшудагон барои ширкат дар ин ҷамъомад, ки садҳо нафарро дар бар мегирифт, баъд аз талошҳои зиёд танҳо ҳудуди 50 нафар ҷамъ омаданд, ки нисфи зиёди иштироккунандагонро фарзандону аҳли оилаи кабириҳо ташкил медод.
Ҳатто аз ноилоҷӣ, барои зиёд нишон додани иштирокчиён чанд нафар афғонҳои бесоҳибу гурезаи дар ба дарро ҳам бо кулоҳҳои муҷоҳидӣ пул дода ба толор оварданд.
Дар рафти ин «маҳфил»-и хонаводагии Кабирӣ як гурӯҳи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро ҷамъ карда, бори дигар кӯшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи қувваҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Вале ин дафъа низ хоҷагонашро қонеъ карда натавонист. Зеро талошҳои ҷон бахшидан ба ҷасади мурдаи боқимондаи ҲНИ нобарор анҷомид.
Аз ҷониби дигар, ин гурӯҳи террористону худбохтагон барои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ на ҳаққи маънавӣ ва на ҳуқуқӣ дошта, раиси фирории онҳо бо макру найрангҳои навбатии худ мехост ба ду ҳадафи асосӣ ноил гардад:
- Мехост ташкилоти оилавию террористии худро дар назди хоҷагони аврупоиву эронии худ ҳамчун як созмони дунявию демократӣ нишон диҳад, то ки грантҳои муфти хориҷиро ба даст орад.
- Мехост бо ин макри навбатии худ муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёиёни бурунмарзиро таҳти нуфузи наҳзати террористӣ дароварда, онҳоро ба манфиати оилаи худ истифода намояд.
Аз ин рӯ, мо тоҷикони муқими Миср, аз тамоми тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки ба доми фиреби наҳзатиҳои террорист наафтанд ва ба хатогиҳои гузашта, ки сабаби рехтани хуни 150 ҳазор фарзанди миллати тоҷик гардида буд, роҳ надиҳанд. Аз якпорчагии кишвари худ ҳимоя намуда, баҳри рушду ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю кушиш намоем ва атрофиёни худро аз ҳар гуна ақидаҳои заҳролуди наҳзатӣ огоҳ созем, ки ин ҳам фарз ва ҳам қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Зинда бод Тоҷикистони азиз!».
Бо арзи эҳтиром,
Ҷамъияти тоҷикони Миср








Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






