Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ зиёда аз 1 129 кг маводи нашъадор мусодира намуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли 2018 миёни хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 17 маротиба задухӯрди мусалллаҳона ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 7 қочоқчӣ нобуд ва 21 нафари дигар дастгир гардиданд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти КДАМ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, сардорони отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра 19 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шуда, 66 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 42 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин 92 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ ва 87 нафар вайронкунандаи низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 129 кг 331 гр маводи нашъадор, аз ҷумла, 70 кг 224 гр героин, 339 кг 416 гр афюн, 535 кг 914 гр ҳашиш, 183 кг 777 гр бангдона (канабис), 125 кг 850 гр маводи мадҳушкунанда дарёфт ва мусодира гардида, 208 228 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.
Дар натиҷаи ин амалиёт 14 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 443 дона тирҳои қутрашон гуногун, 3 адад маводи тарканда, 25 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






