Вазири нақлиёти ҶТ Х. Худоёрзода: «Дар ним сол 38 миллион тонна бор тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт интиқол ёфтааст»

Июль 18, 2018 16:50

ДУШАНБЕ, 18.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 шоҳроҳи байналмилалӣ, ки ба созмонҳои ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, созмонҳои осиёии шоҳроҳӣ ва шоҳроҳҳои  ТРАСЕКА тааллуқ доранд, мавҷуд мебошанд. Нақши ин шоҳроҳҳо дар рушди иқтисодиёти  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишвари воҳид табдил додани мамлакат хеле муассир аст».

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи нақлиёти мамлакат дар шаш моҳи аввали соли равон зикр кард, ки дар ин муддат тавассути  ҳамаи намудҳои нақлиёт 38 миллион тонна бор интиқол дода шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4 фоиз зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ беш аз 34 миллион тонна бо нақлиёти автомобилӣ, 2,6 миллион тонна бо нақлиёти  роҳи оҳан ва тавассути нақлиёти ҳавоии ватанӣ қариб 800 тонна молу маҳсулот интиқол дода шудаанд.

Инчунин зикр шуд, ки  алҳол дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ  беш аз 1400 адад субъектҳои хоҷагидор  фаъолият доранд, ки аз ин 214 ададашро корхонаҳои нақлиётӣ, 49 ададро терминалҳои мусофирбарӣ, 11 ададро терминалҳои боркашонӣ, 1054 ададро  нуқтаҳои  хизматрасонии техникию таъмири  воситаҳои нақлиёт ва 84 ададро қароргоҳҳои нақлиётӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон дар мамлакат 832 хатсайрҳои мусофирбар фаъолият доранд, ки  163-тои он шаҳрӣ, 544-ададаш наздишаҳрӣ, 123 адад байнишаҳрӣ ва  ва ду адад хатсайрҳои  мусофирбари  байналмилалӣ мебошанд.

Зикр шуд, ки соҳаи нақлиёт дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти  мамлакат нақши калидӣ дошта, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  яке аз се ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Июль 18, 2018 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад