Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Чолпон-Ато мулоқот намуданд

Июль 23, 2018 08:20

ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи вохӯрии машваратии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ато Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев 21 июл мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, суръат бахшидан ба раванди делимитатсияи сарҳад, ҳалли масъалаҳои обу энергетикӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ  сурат гирифт.

Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвар татбиқ намудани созишҳоеро, ки зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2018 ба даст омада буданд, таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки  рушди ҳамкории дуҷониба самти афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар боқӣ мемонад.

Зимни вохӯрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки  муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар хизмат хоҳанд кард.

Июль 23, 2018 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад