Вазорати фарҳанг, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Вазорати фарҳанг, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Варзоб, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 10 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мулоқот мекунад.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Варзоб соати 10 дар бинои маъмурии Мақомоти мазкур гузаронида мешавад.
Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанг соати 14 дар дар толори ММҶ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.
Нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода соати 9 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода баргузор мегардад.
Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






