Вазорати корҳои дохилӣ ду кормандашро барои вайрон кардани оинномаи интизомӣ танбеҳ дод
ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба ду нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомии «Танбеҳ» татбиқ карда шуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ин татбиқи ҷазо пас аз баррасии хабари Ҷамшед Олимов, ки 18 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» таҳти унвони «Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 2212121 эътимод надорам» дарҷ гардид, амалӣ шуд. Дар он оид ба лату кӯби як мард аз ҷониби шахси номаълум ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе хабар дода мешуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки маълумоти мазкурро 16 июни соли 2018, соати 14:30 навбатдори фаврии қисми навбатдории шуъбаи ВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, капитани милитсия М.С. Одинаев қабул карда, ба ҷои сари вақт гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ҷои ҳодиса равон кардан танҳо ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи мазкур, майори милитсия М.И. Асоевро равон кардааст, ки номбурда сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст.
«Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ва Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили хизмати басти навбатдории шабонарӯзӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, майори милитсия М.И. Асоев ва навбатдори фаврии қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, капитани милитсия М.С. Одинаев ҷазои интизомии «танбеҳ» татбиқ карда шуд»,-зикр намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки телефони боварии 221-21-21 ва «Мадад-1919» ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, то арзу муроҷиати шаҳрвандон сари вақт ба қайд гирифта шуда, ҳаматарафа санҷида шаванд ва аз рӯи ҳар кадоми онҳо қарори қонунӣ қабул карда шавад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






