Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 28, 2018 10:21

ДУШАНБЕ, 28.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 30 июли соли ҷорӣ оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ (якҷоя бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»),  Маркази тадқиқоти стратегӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ соати 11 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи бинои ВКД мулоқот мекунад.

Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ (якҷоя бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе») соати 10 дар маҷлисгоҳи ҶСК «Тоҷик Эйр» нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 11 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» гузаронида мешавад.

Нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соати 8 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи мазкур баргузор мегардад.

Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 28, 2018 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст