Вазорати тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоии аҳолӣ: шумораи шахсоне, ки бо мақсад муоинаи пеш аз ақди никоҳ ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, афзудааст
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муоинаи тиббии пеш аз ақди никоҳ дар шашмоҳаи аввали соли 2018 нисбат ба соли сипаригардида афзуда, шумораи умумии шаҳрвандоне, ки бо ин мақсад ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, зиёда аз 45 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар нишасти мазкур муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода оид ба фаъолияти шашмоҳаи ин ниҳод ҳисобот пешниҳод намуд.
Зикр шуд, ки ҳамаи муоина ва машваратҳои ҳатмии тиббӣ, ки ҷавонон қабл аз издивоҷ бояд гузаранд, ройгон ба роҳ монда мешавад. «Дар ин самт дар ҳамаи марказҳои саломатии шаҳру вилоятҳои мамлакат утоқҳои инфиродӣ фаъоланд, ки ҷавононро аз рӯи хоҳишашон аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд ва ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Маҳз ба хотири солимии ҷомеа соли сипаригардида бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази генетикӣ ба кор шурӯъ кард, ки дар он хизматрасонӣ ба мардум ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст»,- илова намуд ӯ.
Бояд гуфт, ки масъалаи муоинаи пеш аз ақди никоҳ то ба ҳадде расида буд, ки боиси ташвиши роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Солҳои охир миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд гардида, боиси таваллуди кӯдакони маъюб шуд.
Бо ин мақсад 1 июли соли 2016 қонунҳои ҶТ «Дар бораи манъ намудани никоҳи хешутаборӣ» ва «Дар бораи аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» мавриди амал қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз ин тадбир, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси арзу шикоятҳои мардум андешида шудааст, пешгирӣ аз сирояти бемориҳои вазнини гузаранда, аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан (СПИД) ба ҷавонони навхонадор аз ҳамдигар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки муоинаи пеш аз издивоҷ пештар ҳам дар Кодекси оила амал мекард, вале он ҳатмӣ набуд ва ягон натиҷаи дилхоҳ ҳам надод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






