ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: беназоратии волидон сабаби ғарқ шудани 4 нафар кӯдакони хурдсол гардид

Июль 6, 2018 10:48

ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Тайи рӯзҳои 4-5 июли соли равон бар асари беэҳтиётии волидон 4 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шуд, ки рух додани чунин ҳодисаҳо сабаби нигаронӣ мебошад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 4 июли соли равон,  тахминан соати 21:00, хурдсол Абдураҳмонов Юсуфҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Зарафшони ноҳияи Кӯшониён ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. 5 июл тахминан соати 11:35, хурдсол Ҷилоева Суман Расуловна, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Бохтар ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шудааст.

Ба ин монанд  4 июли соли равон, тахминан соати 15:30, хурдсол Тангирова Арофат Шуҳратовна, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Қубодиён ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ин 3 ҳодиса аз беназорат гузоштани фарзандон аз ҷониби волидон ба амал омадааст, ки хеле ташвишовар мебошад. Ҳодисаи дигаре, ки дирӯз рух дод, ин ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудани ноболиғ Воҳидов Сиёвуш Баҳриддинович, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри Душанбе, дар осоишгоҳи кӯдаконаи касалиҳои сили «Қаратоғ», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав мебошад. Дар натиҷаи ин ҳодиса ноболиғ ба ҳалокат расидааст.

Дар робита ба ин ҳодисаҳои нохуш, Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми волидон хоҳиш менамояд, ки дар ин фасли гарми сол, ки мавсими гаштугузор ва фароғату истироҳати кӯдакону ноболиғон аст, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ҳар як ҳаракати онҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Июль 6, 2018 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд