ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: дар садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир 7 нафар ҳалок гардиданд

Июль 10, 2018 11:04

ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тайи рӯзҳои 7-8 июли соли равон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 6 садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуда, 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар онҳо якчанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

7 июли соли равон ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Н.Р. Сафаров, соли таваллудаш 1992, сокини ш. Норак, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри  Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Себистони н. Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ, девори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини мазкур А. Ҳ. Салимов, соли таваллудаш 1988, сокини ш. Норак, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба ин монанд дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар тӯли рӯзҳои 7-8 июл рухдода 3 нафар пиёдагардони ноболиғ- Умеда Расулова, соли таваллудаш 2009, Абдураҳим Ҷумъаев, соли таваллудаш 2010, Эмоммаҳдӣ Бобомуродов, соли таваллудаш 2003 ба ҳалокат расиданд.

Дуздии ноқилҳо дар ноҳияи Панҷ

Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Панҷ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат кардааст, ки шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз мавзеи Ҷамоати деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия 210 метр ноқили тамғаи «ТПП 100х2»-ро, ки арзиши умумиашон 60000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 18 ва 21-солаи сокинони ноҳияи Панҷ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ бо корд

6 июли соли равон дар мавзеи «Ғуштани Боло»-и Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ марди 34-солаи сокини шаҳри Панҷакент аз сабаби муноқиша бо марди 28-солаи сокини ш. Панҷакент қасдан як маротиба бо корд ба миёни номбурда задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

 

Зане бо ҷурми дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ ба даст афтод

Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон зани 19-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 18 июни соли ҷорӣ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1 адад гарданбанди тиллоиро бо арзиши 3000 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 19-солаи сокини маҳаллаи Н.Қарабоеви ноҳияи Ёвон бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.

 

 

Июль 10, 2018 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад