Зариф Ализода: «Муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба солҳои қаблӣ кам гардида, сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо боло рафтааст»

Июль 19, 2018 14:15

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон нисбатан кам гаштааст, ки ин аз боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мо шаҳодат медиҳад. Яъне, шаҳрвандон пештар барои хурдтарин масъалаҳои ба мо вобаста набуда ҳам муроҷиат мекарданд ва мо онҳоро ба дигар мақомот роҳнамоӣ мекардем. Имрӯз онҳо оид ба ин масъалаҳо огоҳӣ доранд ва медонанд, ки бевосита ба куҷо  бояд муроҷиат намоянд.

Ин нуктаро имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.

Ба гуфтаи Зариф Ализода, дар ин муддат дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1691 муроҷиат, ки соли сипаргардида 2262 ададро ташкил медоданд, ба қайд гирифта шудаанд. Ин муроҷиатҳо бештар ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ (алимент) вобаста мебошанд.

Дар масъалаи хариду фурӯши кӯдакон Ваколатдор зикр намуд, ки ин омил дар мо вуҷуд дошта, яке аз сабабҳои асосии он нодуруст ба роҳ мондани раванди писархондӣ ва духтархондии фарзандон мебошад. «Чанд ҳодисае ба қайд гирифта шудаанд, ки ин равандро ба таври нодуруст ба расмият медароранду дар натиҷа ин омил ба вуҷуд меояд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе нафарон баъди таваллуди фарзанд ба миқдори муайяни маблағ тифлони худро мефурӯшанд».

Барои пешгирии ин амалҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, ки дар маҳаллаҳо кор мебаранд, пайваста тадбир меандешанд.

Июль 19, 2018 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд