110 нафар варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё ба Ҷакарта сафар мекунанд

Август 9, 2018 08:07

ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ маросими гусели варзишгарони тоҷик ба 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё доир мегардад.

Тавре дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Ҷумҳурии Индонезия 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мегардад.  Дар  он иштироки 10 ҳазор   варзишгар аз 45 давлати қораи Осиё дар назар дошта шуда шудааст.

Дар  барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид шуда, дастаи яккачини Тоҷикистон дар 15 намуди он аз қабили футбол (бонувон) – 18 нафар, варзиши сабук – 6 нафар, ҷиу-ҷитсу – 3 нафар, кураш – 8 нафар, самбо – 4 нафар, шиноварӣ – 5 нафар, таэквондо (ВТФ) – 3 нафар, дзюдо – 8 нафар, вазнбардорӣ – 1 нафар, гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ – 9 нафар, камонварӣ – 3 нафар, бокс – 4 нафар, қайиқронӣ – 6 нафар, каратэ – 4 нафар ва тирандозӣ – 4 нафар иштирок ва шарафи варзиши ҷумҳуриро  ҳифз менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар таърихи варзиши Тоҷикистон бори нахуст дар чунин сатҳ шумораи умумии дастаи мунтахаб зиёда аз 110 нафарро ташкил медиҳад.

 

Август 9, 2018 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд