7-8 август гурӯҳи рӯзноманигорони Ӯзбекистон ба Хуҷанд меояд
ХУҶАНД, 07.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 августи соли равон гурӯҳи 13 нафараи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ташриф меорад.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ДАДАБОЕВ хабар медиҳад, рӯзноманигорони ӯзбек дар доираи сафари худ ба Хуҷанд аз хонаи табъу нашри «Кохи матбуот» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти идораи рӯзномаи ӯзбекии вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» шинос мешаванд ва бо аҳли зиёи вилоят мулоқот анҷом медиҳанд.
Ҳамзамон дар доираи сафар боздид аз бозори марказии шаҳри Хуҷанд — «Панҷшанбе», минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», шиносоӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва иштирок дар барномаи фарҳанги, ки дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор мешавад, дар назар аст.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба ҳайати гурӯҳ раиси Маркази фарҳаангии миллии тоҷикони Ӯзбекистон «Ориёно» ва хабарнигори шабакаи телевизионии Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, муаллифи филми мустанади «Зери осомони ягона» Ҷасур Исҳоқов, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев, муҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олим Ҷумъақулов, мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон Нурулло Насриев, хабарнигори телевизиони «Ӯзбекистон 24» Зебо Тӯхтаева ва дигарон шомил мебошанд.
Рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баробари шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид ба амал меоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






