Аҳтам Абдуллозода: «Беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонон дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд»

Август 15, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аҳтам  Абдуллозода бо донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта баргузор гардид, ки дар  он роҳбарони маҳфилҳои дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз  Федератсияи Россия, Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Британияи Кабир, Молдова ва Малайзия иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар хабар доданд, Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои замони муосир дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Айни ҳол дар кишвар 39 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 190 ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

«Сиёсати дарҳои кушод ва тадбирҳои оқилонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам меоварад, ки ба дилхоҳ донишкадаву донишгоҳи ҷумҳурӣ ё давлатҳои хориҷа озодона дохил шаванд. Пас  аз хатми донишгоҳ дубора ба Ватан баргашта, ба фаъолияти меҳнатӣ пардозад. Шумораи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамояд беш 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд»,- илова намуд Аҳтам Абдуллозода.

Мавриди зикр аст, ки маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар 15 давлат намояндагони худро дорад.

Мақсади роҳандозии чорабинии мазкур муттаҳидии ҷавонони тоҷик дар хориҷӣ кишвар, ҳифзу гиромидашти фарҳанги волои миллати тоҷик, муаррифии фарҳанг, забон, расму оин ва осори пурғановати миллати тоҷик арзёбӣ гардид.

 

Август 15, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд