ҲАЙАТИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОНИ ДӮСТ. Дар Тошканд бо иштироки намояндагони ду кишвар «мизи мудаввар» баргузор гардид. Суратгузориши агентиҳои иттилоотии тоҷику ӯзбек
ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари Ҳайати дӯстии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд мубоҳисаи судманди намояндагони доираҳои иҷтимоию сиёсӣ ва арбобони фарҳанги ду кишвар баргузор гардид. Дар ин бора суратгузориши агентиҳои иттилоотии Тоҷикистону Ӯзбекистон пешкаш мегардад.
Муносибатҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик воқеияти нав нест, ки дирӯз ё имрӯз пайдо шуда бошад. Дар ҳақиқат тайи асрҳо муносибатҳои маънавӣ, динӣ ва фарҳангии ниёгонамон ба ҳам пайванд буданд.
Арзишҳои умумии таърихӣ ва фарҳангӣ, анъаноти эҳтироми тарафайн ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаи устувор мегузоранд.
Дар толори «Амир Темур»-и меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent»-и пойтахти Ӯзбекистон мубоҳисаи намояндагони доираҳои иҷтимоию сиёсӣ ва арбобони фарҳанги ду кишвар дар сиғаи «мизи мудаввар» ва инчунин вохӯриҳои дуҷониба баргузор шуданд.
Вохӯриро бо сухани шодбошӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ифтитоҳ намуданд. Роҳбарони идораҳои давлатӣ робитаҳои гуногунҷанбаи тоҷикону ӯзбекҳоро, ки бар таҷриба ва ҳамкории мутақобилаи деринаи дар раванди таърихӣ бамиёномада асос меёбанд, зикр намуданд.
Зимни «мизи мудаввар» намояндагони ду кишвар тағйироти мусбат дар ислоҳоти аз ҷониби сарони ҳарду давлат гузаронидаистодаро таъкид карданд. Илова бар ин, иштирокдорон масоили ҳамкории миёни ду кишварро дар соҳаҳои илм, фарҳанг, санъат, маориф ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи «мизи мудаввар» ҳамчунин филми мустанади «Зери осмони ягона», ки изҳори самимият ва дӯстии байни халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро инъикос мекунад, намоиш дода шуд.




















«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд






