Ҳайати рӯзноманигорони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 07.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 август як гурӯҳ рӯзноманигорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонон дар доираи сафари худ аз идораи рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқати» боздид ба амал оварда, дар «Кохи матбуот» бо аҳли зиёи вилоят мулоқот анҷом медиҳанд.
Дар доираи сафар меҳмонон аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», бозори марказии «Панҷшанбе» ва дигар мавзеи таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд боздид менамоянд.
«Ҳайати рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баробари шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид ба амал меоранд»,-илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки меҳмонон дар идомаи сафари худ аз намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Хуҷанд боздид намуда, дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилояти Суғд иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ташрифи ин ҳайат дар арафаи сафари қарибулвуқӯъи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки аз 1 то 4 августи соли равон ҳайати 55 нафараи илму адаби тоҷик дар ҷумҳурии ба мо дӯсту бародар Ӯзбекистон қарор дошт.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






