Ҷаласаи 26-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ИДМ дар Россия баргузор мегардад

Август 24, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ҷаласаи 25-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа намояндагони мақомоти андози   Тоҷикистон, Россия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Беларус, Озорбойҷон ва мушоҳидачиён-намояндагони Хадамоти миллии андози Ҷумҳурии Корея   иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки иштирокдорони ҷаласа асосан масъалаи маъмурикунонии андоз дар давраи иқтисоди рақамиро баррасӣ ва   ҳолати иҷрои нақша-чорабиниҳои дар ҷаласаи қаблӣ –соли 2017 қабулгардидаро муҳокима карданд.

Масъалаҳои дигари мубрами соҳа, ба монанди ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи мақомоти андоз оид ба риояи қонунгузории соҳавӣ, табодули маълумот барои пешгирӣ намудани қонунвайронкунии андоз, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани роҳҳои самараноки фаолияти мақомоти андоз дар идомаи ҷаласа мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2018-2019 қабул карда шуд, ки таъмини иҷрои он ҳамкории мақомоти андозро беҳтар мегардонад.

Иштирокдорон қарор қабул намуданд, ки тибқи он, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2019 дар Федератсияи Россия баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе -«Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оранд.

Август 24, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад