Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 06.08.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки он аз 1 то 4 август сурат гирифт, байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкурро ректори Донишгоҳи милли Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ Рустам Холмуродов имзо карданд.
Тавре Муҳаммадюсуф Имомзода зикр кард, ки дар асоси санади мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти табодули таҷриба, амалӣ намудани корҳои илмию пажӯҳишӣ, боздиди ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои мазкур, иштирок дар конфронсу симпозиумҳо ва таъмин адабиёти илмӣ – оммавиро ба роҳ мемонанд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ соли 1927 таъсис ёфта, дорои факултаҳои филология, филологияи тоҷик, таъриху фалсафа, омӯзгорӣ, физика-риёзӣ, илмҳои дақиқ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 5 Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи А.Навоӣ, Донишгоҳи давлатии шаҳрҳои Андиҷон, Фарғона ва Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Бояд зикр кард, ки дар доираи ин ҳамкорӣ соли равон ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар конфронсу ҳамоишҳое, ки дар шаҳрҳои Самарқанду Тошканд доир гардиданд, иштирок намуданд. Моҳи майи соли равон Донишгоҳи милли Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд 100 нусха китобу адабиётҳои гуногун тақдим намуд.










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






