«Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекон ҳукми тақдир аст»,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Август 23, 2018 12:15

ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ин ҳафта матбуоти даврии мамлакат сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки санаи 17 – 18 августи соли равон ҷараён гирифт, ба таври васеъ инъикос намуданд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (20.08.2018, №164-165) ин шумораи худро пурра ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида, дар ин замина хабару гузоришҳои зиёд нашр намудааст.

Сармақолаи худро «Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шарикони стратегӣ» номгузорӣ карда, дар он оид ба ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, имзо шудани як қатор санадҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот интишор намудааст. Махсус зикр карда шудааст, ки дар ҷараёни ин сафар муҳимтарин санад байни ду давлат – Аҳднома оид ба ҳамкории стратегӣ имзо шуд. Инчунин, дар бораи ба имзо расидани 26 созишномаи ҳамкорӣ ба тафсил маълумот додааст.

Ҳамчунин, дар ин гузориши васеъ ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мулоқоту музокироти баргузоршуда ва боздид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои Тошканду Самарқанд пурра инъикос ёфтаанд.

Дар саҳифаи дигари нашрия Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон нашр шудааст. Дар изҳороти матбуотии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст: «Мо аз ин сафар бениҳоят хушнудем ва ба натиҷаҳои он аҳамияти махсус медиҳем. Тавре аллакай зикр гардид, аз рӯи натиҷаҳои музокироти имрӯза мо қарорҳои дорои аҳамияти таърихӣ қабул намудем. Ин қарорҳо заминаи пешбурди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳ ва шакли сифатан нав муайян мекунанд. Аз ҷониби худ, ҳамчунин мехоҳам аҳамияти бузурги бастаи санадҳои имрӯз баимзорасидаро, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории бисёрҷанбаамонро васеъ мегардонад, зикр намоям».

Инчунин, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба таври комил чоп шудааст.

Зери сарлавҳаи «Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекон ҳукми тақдир аст» суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр гардидааст.

Дар ин шумора, ҳамчунин Паёми табрикотии Пешвои миллат ба муносибати Иди саиди Қурбон чоп шудааст. Сарвари давлат зимни табрикоти худ ба муносибати иди Қурбон таъкид намудаанд, ки қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти кофии моддиву молӣ воҷиб аст. Касоне, ки имконияти иҷрои чунин амалро надоранд, метавонанд бо муно­си­ба­ти нарми инсонӣ ва одобу ахлоқи ҳасана аз савобу баракати иди Қурбон баҳравар шаванд: «Ҳар як сокини мамлакат бояд амиқ дарк намояд, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ҳама ҳолат ҳимоя кунем ва манфиати давлату миллатамонро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем».

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (22.08.2018, №166) дар хусуси маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зери раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 август баргузор гардид, «Иттилоия» нашр кардааст. Дар кори маҷлис рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент, татбиқу дар амал ҷорӣ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои ободонию созандагӣ баррасӣ гардида, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии худро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо натиҷаҳои неку назаррас ва бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягӣ анҷом ёфт, натиҷагирӣ карданд.

«Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ супориш доданд, ки барои татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии имзошуда тадбирҳои амалӣ андешанд»,-омадааст дар ин матлаб.

Дар рафти маҷлис ҳамчунин вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни умумимилии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ супоришҳо дода шуд.

Инчунин, дар ин шумора мақолаву гузоришҳои дигар зери сарлавҳаҳои «Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Аввалин ҷаласаи муштараки наҷотдиҳандагон доир шуд», «Хуҷанд: Равзанаи дирӯзу имрӯз», «Об. Мӯъҷиза бояд пок бошад», «Саноат. Суръати рушд назаррас аст» нашр шудаанд.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (21.08.2018, №102) низ шумораи навбатии худро ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида, гузоришу шарҳҳои зиёд нашр кардааст. Аз ҷумла, зери унвони «Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон» гузориши васеъ дар бораи ҷараёни ин сафари таърихӣ, Изҳороти матбуотии роҳбарони ҳар ду давлат, суханронии Сарвари давлат дар «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пурра чоп намудааст.

Ҳамчунин, аз ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 августи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, гузориш нашр намудааст. Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.

Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (23.08.2018, №103) андешаҳои Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабоваро зери сарлавҳаи «Оғози давраи нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон» нашр намудааст. Дар ин матлаб муаллиф роҷеъ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон суханронӣ карда, онро бисёр муҳим ва таърихӣ унвон кардааст.

Инчунин, матлабҳои «Чаро талаботи Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», муаллиф рӯзноманигор Ҷамшеди Сабоҳиддин, «Ҳаёт бо «иқтисоди сабз» зебост», муаллиф С.Суннатӣ, «Забони мо тоҷикӣ ё форсӣ», муаллиф Ҷамолиддин Саидзода, «Занбӯри «хориҷӣ». Он аз куҷо пайдо шуд ва чаро интизорем, ки кай моро мегазад?», муаллиф Б.Каримзода чоп шудаанд.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (22.08.2018, №34) низ ин шумораи худро ба инъикоси сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17 ва 18 августи соли ҷорӣ ҷараён дошт, бахшидааст. Зери сарлавҳаи «Государственный визит Президента Республики Таджикистан в Республику Узбекистан» сафари Пешвои миллат ба ин давлати дӯсту бародар ба таври васеъ нашр гардидааст. Дар матлаби мазкур доир ба мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ташриф овардан ба намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Тоҷикистон ва корхонаи «Артели» Ӯзбекистон,  мулоқот  бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов маълут дода шудааст . Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон ва Изҳороти муштараки роҳбарони ду давлат ба пуррагӣ чоп шудаанд.

Инчунин сафари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанд низ васеъ инъикос гардидааст.

Дар ҳошияи дустии  тоҷику ӯзбек боз чанд маводи дигар  — «Дружба народов – дружба литератур», «Инициатива Лидера нации Эмомали Рахмона подтвердила непоколебимость многовековой дружбы таджиков и узбеков», «Братство двух народов впредь будет только укрепляться», «Молодёжь наших стран интересует схожие темы», «Таджикистан и Узбекистан подписали контракт на сумму свыше 100 млн.долл.США» ва «В Бухаре таджикскую делегацию приняли радушно» нашр кардааст.

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (23.08.2018, №34) зери унвони «Дар масири дӯстӣ» мақолаву гузоришҳои зиёд дар бораи сафари таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр намудааст.

«Меҳрнома» — шеъри тоза эҷоднамудаи шоири тоҷик Давлат Сафар, ки ба муносибати неки Тоҷикистону Ӯзбекистон бахшида шудааст, дар саҳифаи аввали нашрия чоп шудааст. Шоири тоҷик менависад:

Тоҷик зи ҷӯи дигаре об нахӯрд,

Ӯзбек ҳам аз сабр ба ҳар боб нахӯрд.

Кӣ арз намудааст, ки чархи фалак,

Аз рӯзи азал сӯи қафо тоб нахӯрд?…

Ҳамчунин, дар ин шумора мақолаҳои «Музди меҳнат баланд мешавад. Аз 1 сентябр…», муаллиф Беҳрӯз Холмуродов, «Санъаткорони андозгурез», муаллиф Малоҳат Холмуродова, «Қосиди сулҳ будани варзиш ва на фақат…», муаллиф Шодихони Назар ва дигар хабару гузоришҳо нашр шудаанд.

 

Август 23, 2018 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид