Ҳангоми ворид ва гузашти транзитӣ аз қаламрави Тоҷикистон аз автомобилҳои сабукрав ва автобусҳои Ӯзбекистон хироҷ ситонида намешавад

Август 25, 2018 10:58

ДУШАНБЕ, 25.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд  аз воситаҳои нақлиёти  автомобилии сабукрав  ва автобусҳои  Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ворид шудан ва гузариши транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  хироҷ ситонида намешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои сарчашма, ин тадбир дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 ноябри соли 2007 «Дар бораи тасдиқ намудани   меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои  аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат  оид ба истифодаи  захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» андешида шудааст.

Ҳадафи Қарори мазкур пешниҳоди сабукиҳо ба шаҳрвандон –ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрав  ва автобусҳои Ҷумҳурии  Ӯзбекистон, ки ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд  ва гузашти транзитӣ мекунанд,  инчунин тақвияти робитаҳои  мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ байни ду давлати дӯсту бародар ва ҳамсоя –Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Қарори мазкур дар арафаи сафари давлатии   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 августи соли равон ҷараён гирифт, дар Душанбе аз ҷониби  Раиси Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расидааст.

Август 25, 2018 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад