АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ! Истироҳаткунандагон ба мутолиаи китоб ҷалб мешаванд

Август 7, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и USAID тасмим гирифтанд, ки баҳри беҳтар шудани фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ онҳоро  бо китобҳои бадеӣ таъмин намуда,  ҳамзамон,    озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  мухбири АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон Сафарзода   иттилоъ дод,   то имрӯз дар 29 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронида шуд.

«Озмун бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони болаёқату эҷодкор, сайқал додани маҳорати эҷодӣ, ташаккули қобилияти зеҳнӣ, инчунин тарбия намудани наврасон дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ  роҳандозӣ гардид»,- афзуд У.Сафарзода.

Инчунин зикр  шуд, ки озмун дар истироҳатгоҳҳои мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе, «Кайҳон», «Ҳамсафар», «Ширкент», Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода (НТМ),  «Парвоз», «Оташак», «Сиёвуш», «Вохӯрӣ», «Чашма1», «Чашма2», «Уқобча», «Бодомча»,  «Маркази солимгардонии Суғд», «20-солагии Истиқлолият» (вилояти Суғд»), «Шоҳин», «Офтобак», хонаи кӯдакони ноҳияи Фархор, ноҳияи Муъминобод (Хатлон), «Сағирдашт», «Зинг» «Насими Ғунд»-и ВМКБ, истироҳатгоҳои беруназшаҳрии  «Зимчуруд», «Орзу», «Гулхан»  ва «Шарора» (шаҳри Душанбе) гузаронида шуд.

Истироҳтакунандагоне, ки дар озмун ҷойҳои 1–ум, 2–юм ва 3–юмро ишғол намуданд, бо «Ифтихорнома»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сарфароз гардиданд. Инчунин ба ҳар як  истироҳатгоҳ   миқдори муайяни  китоби бадеӣ (250 –ададӣ) тақдим  гардид.

Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ тасмим гирифтааст, ки озмуни навбатиро зери унвони  «Дониш ва ҳунар» дар бастҳои минбаъда  ба роҳ монад.

Август 7, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад