Аз Федератсияи Россия боз 30 омӯзгори фанҳои забони русӣ ба Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик тибқи шартномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия боз 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушвахт, ин омӯзгорон аз сентябри соли хониши 2018 – 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳури ба фаъолият шурӯъ менамоянд.
«Аз 29 омӯзгоре, ки қаблан фаъолият доштанд, 8 нафарашон ба Федератсияи Россия баргаштанд. Дар соли хониши нав 21 нафараш дубора баргашта, фаъолияташонро идома медиҳанд. Дар умум, 51 нафар омӯзгор аз соли хониши нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд»,-гуфт Э. Хушвахт.
Ба маълумоти номбурда, омӯзгорони рус ба муассисаҳои таълимии тамоми минтақаҳо тибқи талаботи муассисаҳо сафарбар карда мешаванд. Яъне, ба вилояти Хатлон 7 нафар, Суғд 8 нафар, ВМКБ 2 нафар, шаҳри Душанбе 6 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 нафар сафарбар карда мешаванд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, маоши омӯзгоронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мувофиқати ду кишвар пардохт карда, бахши иловагии маблағҳои онҳоро Вазорати маорифи Россия пардохт мекунад.
Ёдовар мешавем, ки нахустин гурӯҳи омӯзгорони рус бори нахуст соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда буданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






