Ба беморхонаи ВМКБ мошини сайёри рақамии флюрографӣ тақдим гардид
ХОРУҒ, 11.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи мутахассисони марказҳои саломатӣ ва пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотии ҷумҳурӣ дар ҳайати «Корвони саломатӣ» дар паи сафари якҳафтаинаи худ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмати ройгони тиббӣ мерасонанд.
Тавре Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар ВМКБ иброз намуд, «чанд сол боз табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони соҳаи тиб ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷумла, ВМКБ бо мақсади муоина, муолиҷа ва маслиҳати ройгони тиббӣ сафар мекунанд. Имсол бо кумаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба табибони беморхонаи вилоятӣ мошини сайёри рақамии флюрографӣ, ки нархи он 200 ҳазор сомонӣ аст, тақдим гардид».
Ба гуфти номбурда, ин таҷҳизоти рақамии рентгенӣ нисбат ба таҷҳизоти қаблӣ бартарии зиёд дорад. Таъсири нурҳои рентгенӣ ба узвҳои бадани инсон 90 фоиз кам гардида, бемор метавонад дар як сол чанд маротиба аз рентген гузарад. Муҳлати ташхис бошад ҳамагӣ чанд сонияро дар бар мегирад ва сатҳи сифати тасвир низ баланд мебошад.
Дар баробари ташхису табобати ройгон «Корвони саломатӣ» барои ниёзмандон «Гӯшаи гиёҳдармонӣ» муҳайё намудааст. Дар ин гӯша растаниҳои гуногуни шифобахш ва маводи иттилоотиву маърифатӣ гирд оварда шудааст ва сокинони вилоят аз он истифода мебаранд.
«Корвони саломатӣ» дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии барномаи «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрсироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2023» роҳандозӣ гардида, ҳадафи он пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони кишвар мебошад.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






