Ба буҷаи давлат зиёда аз 180 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст — дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор гардид

Август 1, 2018 11:14

ДУШАНБЕ, 01.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 770 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор карда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳо оид ба бартараф намудани омилҳои коррупсонӣ ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда 1516 дастури хаттӣ ва 863 пешниҳод ирсол намуданд, — гуфт Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода зимни нишасти матуботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018.

Зикр карда шуд, ки дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 182,3 миллион сомонӣ ба давлат барқарор карда шудааст. Инҷунин, аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳазору сесад ҷиноятҳои корупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор гардиданд.

Дар нишасти  матбуотӣ таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат яке аз роҳҳои асосии кам кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро ҳатто дар кишварҳое, ки ба кормандони мақомоти давлатӣ маоши баланд таъйин шудааст ва ё дар кишварҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷазои ҳукми қатл татбиқ карда мешаванд, мутаассифона, амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд ба қайд гирифта мешаванд.

Дар баробари иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ кормандони Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ бо гузаронидани як қатор корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 8 ҳолати иштирок кардани шаҳрвандони мамлакатро дар амалиётҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ошкор карда, нисбат ба онҳо бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карданд.

Ба Агентӣ 662 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин миқдор 620 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба 181 адад ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта эроду пешниҳод дода шуда ва дар 43 лоиҳа омилҳои ба вуҷуд овардани коррупсия ошкор гардиданд. Ҳамчунин дар нимсолаи аввал роҳбарияти Агентӣ  423 шаҳрвандонро қабул карда, нисбат ба арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳои онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.

Роҳбарияти Агентӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавобҳои қонеъкунанда пешниҳод карданд.

Дар нишасти матуботӣ Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  Умед Бобозода иштирок дошт.   

Август 1, 2018 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!