Ба Китобхонаи миллии Ӯзбекистон китобҳои адибони тоҷику ӯзбек, ки дар Тоҷикистон нашр шудаанд, тақдим гардиданд

Август 18, 2018 09:04

ДУШАНБЕ,18.08.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз, 17 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд маросими тақдими китобҳои адибони тоҷику ӯзбек ба китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ баргузор гардид.

Дар маросими тақдими китобҳо вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, нависандагону шоирони ӯзбек, адабиётшиносон, тарҷумонҳо, ходимони адабии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Шамсуддин Орумбекзода зикр кард, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду давлати дӯсту ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла робитаҳои фарҳангиву адабӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.

«Тақдим намудани китобҳои дар Тоҷикистон нашршуда иқдоми аввалину охирин нест, минбаъд муносибатҳо миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон боз ҳам тақвият дода мешавад. Аз ҷумла, баргузор намудани чорабиниҳои якҷояи адабию фарҳангӣ дар назар дошта шудааст, —  гуфт директори китобхонаи миллии Ӯзбекистон Алишер Абдуазизов.

Дар қатори китобҳои ба китобхонаи миллии Ӯзбекистон тақдимгардида «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷалол Икромӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Гулчини ашъор»-и Мирзо Турсунзода бо се забон, «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин китоби ба забони ӯзбекӣ нашршуда таҳти унвони «Эмомали Раҳмон жасорати» ва китоби «Қуръони карим» ба забони тоҷикӣ шомил буданд.

Шумораи умумии китобҳои тақдимшуда зиёда аз 300 нусхаро ташкил доданд.

Акрам САНГЗОДА,
ш.Тошкант

Август 18, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд