БА ВКД НАВИСЕД, ЗАНГ ЗАНЕД. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули муроҷиату дархости шаҳрвандонро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монд

Август 15, 2018 09:23

ДУШАНБЕ, 15.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саривақт ва холисона баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон қабули муроҷиату дархости шаҳрвандонро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур баҳри баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дар доираи ислоҳоти милитсия ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пеш гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон вобаста ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқҳояшон ва дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ, хусусан терроризму экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 221-01-49; 223-16-09, суроғаи электронӣ ( info@ubop.tj) ва ё тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат намоянд.

Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66.

«Кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала, таъмин карда мешавад»,-зикр намуд манбаъ.

Август 15, 2018 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад