Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ сохтмони иншооти замонавӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалҳои бунёдкоронаю созандагӣ бомаром ҷараён дошта, тамоми сокинони ноҳия дар ин бобат саҳми худро мегузоранд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Парчам ва Нишони давлатӣ дар гулгашти назди бинои мақомоти иҷроия, бинои хушсохти толори варзишӣ дар назди мактаби варзишии ноҳия, бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 30 ба номи Мирзохон Раҳматов бо маблағгузории буҷаи ноҳия, шуъбаи таваллудхонаи назди беморхонаи деҳоти Меҳнатобод ва корхонаи истеҳсоли халтачаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини деҳоти «Қаҳрамон» бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Азиз Ҷобиров ва Ҷиёнхон Мирзоев аз ҷумлаи иншоотҳое мебошанд, ки ба симои ноҳия ҳусни дигар илова карда, даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин мегарданд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






