Байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Бӯстон ва Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмини Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Август 29, 2018 09:29

ХУҶАНД, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон (ДКМТ) минбаъд барои сайқал додани дониш ва табодули таҷриба дар Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмини Ҷумҳурии Чин идомаи таҳсил менамоянд. Дар робита ба ин   байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон ва Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмини Ҷумҳурии мардумии Чин  созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. 

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, инчунин байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмин ва филиали Донишгоҳи Конфутсӣ, ки дар самти омӯзиши забони чинӣ роҳандозӣ гардидааст ва чанд сол аст, ки дар назди Донишкадаи мазкур амал мекунад, созишномаи грантӣ низ ба имзо расонида шуд.

Тибқи созишномаҳои ба имзорасида, аз соли хониши нави таҳсил 4 нафар хатмкунандагони ДКМТ ва 22 нафар хатмкунандагони филиали Донишгоҳи Конфутсӣ имкон доранд, ки тариқи квота дар магистратураи Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмин ва ҳамзамон донишгоҳҳои дигари пешрафтаи Чин идомаи таҳсил намоянд.

Тавре профессори Донишгоҳи илм ва техникаи шаҳри Кунмин Жуан Райбо баён дошт, дар баробари дигар шаҳрҳои калони Чин дар донишгоҳҳои Кунмин низ ҳамасола баҳри ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ  барои идомаи таҳсил ярмаркаи байналмиллалии дониш (China Education Expo) ташкил мегардад. Дар ин ярмарка донишҷӯён имкон пайдо мекунанд, ки дар Донишгоҳи тиббӣ, Коллеҷи металлургӣ, Донишгоҳи илм ва техника, Донишгоҳи санъат ва Мактаби тиҷорат идомаи таҳсил намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон низ соли 2006 дар аснои техникуми политехникии осиёимиёнагии онвақта шаҳри Чкалов, ки соли 1949 таъсис ёфта буд, ташкил гардид. Давоми 12 соли ахир яке аз таълимгоҳҳои омодакунандаи мутахассисони соҳаҳои гуногуни коргоҳҳои кӯҳӣ-металлургии мамлакат маҳсуб меёбад.

Имрӯз дар Донишкада 3 факулта — корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика амал намуда, аз рӯи 16 ихтисоси равияи кӯҳӣ- металлургӣ ва як ихтисоси бакалаврӣ – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот  мутахассисон омода карда мешаванд. Донишкада ҳамзамон дар самти таъмин намудани хатмкунандагон бо кори доимӣ бо 46 коргоҳи соҳавӣ-саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Август 29, 2018 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад