Байни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Покистон санади ҳамкорӣ ба имзо мерасад
ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик дар Душанбе байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегӣ ва глобалии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи хабари сарчашма, санади мазкур дар доираи сафари ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ва глобалии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасад. Ҳамзамон интизор меравад, ки ҳайати покистонӣ дар Душанбе бо кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, самтҳои минбаъдаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва тақвияти онро баррасӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тадқиқотии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






