БАРНОМАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ТАҲИЯ ШУД. Дар ин хусус Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд изҳор дошт
ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Дар саҳифаи таърихи ҳамкории Душанбе ва Тошканд марҳилаи нав оғоз шуд. Бо шарофати иродаи сиёсии президентҳои ҳарду давлат робитаҳо ба сатҳи сифатан нав баромаданд», — иброз дошт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода зимни клуби матбуотии байналмилалӣ, ки рӯзи панҷшанбе, 2 август дар Тошканд баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
«Вақтҳои охир метавон дастовардҳои зиёди ноилшударо мушоҳида кард. Муносибатҳои дӯстона, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг таҳким ёфтанд. Имрӯз дар саҳифаи таърихи ҳамкориамон марҳилаи нав оғоз шуд», — зикр намуд Ш. Орумбекзода.
Мавсуф ёдовар шуд, ки моҳи майи соли гузашта дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ва моҳи октябри худи ҳамон сол Рӯзҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуданд. «Ҳамзамон, намоишгоҳи аксҳои дастовардҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият доир гардида, маводҳои соҳаи филмсозии ҷонибҳо ба намоиш гузошта шуданд, — гуфт Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва афзуд, ки моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду кишвар, ки аз ҷониби коршиносони аксари кишварҳо сазовори баҳои баланд гардид, барпо шуд».
Дар идома Ш. Орумбекзода зикр намуд, ки муносибатҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик воқеияти нав нест, ки дирӯз ё имрӯз пайдо шуда бошад. Арзишҳои умумии таърихӣ ва фарҳангӣ, анъаноти эҳтироми тарафайн ва ҳусни ҳамҷаворӣ барои ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаи устувор мегузоранд. «Бо он ки мардуми мо ба якдигар ҳамчун «бародар» муроҷиат мекунанд, — ҳамааш равшан аст, ҳоҷат ба баён надорад», — таъкид кард Вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 4 август Ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад. «Ҳоло, мо ба сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаи нави ҳамкорӣ таҳия намудаем. Он фарогири навтарин ва амиқтарин тадбирҳо доир ба густариши доираи ҳамкориҳо мебошад. Умедворем, ки бо Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев онро татбиқ менамоем», — гуфт Ш. Орумбекзода.
Бояд зикр кард, ки ҷаҳиш дар муносибатҳои ду кишвар танҳо бо шарофати талошҳои сарони ҳарду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омад. Сафари таърихии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон дар таърихи муносибатҳои мутақобила саҳифаи навро боз карда, ба муносибатҳои дуҷониба таккони ҷиддӣ бахшид ва барои ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷамъшудаи миёни ҳарду кишвар шароити мусоид фароҳам овард. Дар вақтҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Созишҳои мутақобилан судманд ба даст омада, ҳамкории дуҷониба рушд меёбад, боздидҳои ҳайатҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар роҳандозӣ мешаванд, инчунин робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ густариш меёбанд.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд






