Барномаи нави сиркӣ: дар радифи ҳунарпешагони номӣ 11 хатмкардаи Коллеҷи санъати сиркӣ ва эстрадии шаҳри Москва ҳунарнамоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8-10 сентябри соли равон дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи нави ҳунарӣ манзури тамошобинон гардонида мешавад. Дар барнома сиркӣ дар радифи ҳунарпешагони номӣ ва варзида, инчунин 11 нафар хатмкардагони Коллеҷи санъати сиркӣ ва эстрадии шаҳри Москва ба номи Румянтсев ҳунарнамоӣ мекунанд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин 11 нафар ҷавонон бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Барномаи рушди санъати сиркӣ дар коллеҷи номбурдаи шаҳри Москва тӯли чор сол ройгон таҳсил намуда, ба Тоҷикистон баргаштанд. Инак онҳо аввалин маротиба маҳорати худро ба маърази ҳамватанони худ мегузоранд.
Ҳаводорони санъати сиркӣ метавонанд аз барномаи ҷолиби сиркӣ бо иштироки акробатҳо, гимнастҳо, жанглёрҳо, масхарабозон, ромкунандагони ҳайвон, дорбозҳо ва намоишҳои шавқовар бо хирс, маймун, мор ва сагчаҳо баҳравар шаванд.
Намоишҳо аз рӯзи 8 то 10 сентябр, соати 16:00 оғоз мешаванд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






