Барои муайян кардани сабаби нишасти дурушти чархболи МИ-8 комиссияи махсус таъсис ва ба ҷойи ҳодиса равона шудааст

Август 13, 2018 08:34

ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 12 август, тақрибан соати 16:30 дар қисми шарқии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавард ва 3 сарнишин нишасти дурушт (жесткая посадка) анҷом додааст.

Тавре сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чархбол ҳангоми бозгашт ба қароргоҳи кӯҳнавардон дар поёноби пиряхи Фортамбек нишасти дурушт анҷом додааст.

«Барои мушаххас намудани сабабҳои сар задани ҳодисаи мазкур аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд. Инчунин, субҳи имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони садама ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон фиристод»,- гуфт Умеда Юсуфӣ.

Ба иттилои номбурда, айни ҳол мушаххас нест, ки кӯҳнавардон шаҳрвандони кадом давлат ҳастанд. Садама дар ҳоле рух додааст, ки кӯҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд.

Раванди корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ зери назорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ Шӯравӣ мебошад, ки баландии он 7495 метр аст.

АМИТ «Ховар» ҳодисаи мазкурро пайгирӣ карда, баъдтар тафсилоти бештарро пешниҳод мекунад.

 

Август 13, 2018 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд