БДА АМАЛИЁТИ «БАЧАҲО»-РО ДОИР МЕКУНАД. Кӯдаконро ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо беназорат нагузоред!
ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар аз 31 август то 10 сентябри соли равон амалиёти «Бачаҳо»-ро мегузаронад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, амалиёти мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон доир карда мешавад. Мутаассифона, дар натиҷаи бисёр садамаҳои нақлиётӣ бо айби калонсолон кӯдакон ба ҳалокат мерасанд.
Дар ҳамин ҳол Раёсат аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, дигар, ташкилоти идораҳои дахлдор, падару модарон ва сойири шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал овардааст, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъолият нишон дода, дар таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, ба бачаҳо омӯзонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ иштирок намоянд.
Талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред!









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






