«БЕШАИ ПАЛАНГОН». Оид ба олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 03. 08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави адиби табиатшинос Маҷид Салимро таҳти унвони Ҳикоёти «Бешаи палангон» ба нашр расонид. Ин китоб ба 80-солагии таъсисёбии мамнӯъгоҳи мазкур, ки моҳи ноябри соли равон ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.
Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муаллифи китоб Маҷид Салим иброз дошт «дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақсад гузоштам, ки хонандагонро бо ин гӯшаи афсонавии ватанамон шинос гардонам. Хонанда тавассути нақлу ҳикояҳои ин китоб бо ҳаёти ҷонварону парандагон ин макон шинос шуда, дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон ва олами набототу ҳайвоноти он маълумоти муфассал пайдо мекунад».
Ёдовар мешавем, ки Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» 4 ноябри соли 1938 бо қарори Комиссариати халқии зироати Тоҷикистон таъсис ёфта, дар замони собиқ Шӯравӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аввалин мамнӯъгоҳ маҳсуб мешуд.
Мақсади таъсиси ин мамнӯъгоҳ нигоҳдошти муҳити табиии поёноби дарёҳои Осиёи Миёна, бахусус дарёи Вахшу Панҷ, ҳамчунин гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва мушоҳидаҳои мониторингӣ буд.
Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии ҷумҳурӣ, дар резишгоҳи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Масофаи маркази мамнӯъгоҳ то шаҳри Душанбе 200 километр буда, тибқи тақсимоти маъмурӣ аввал қисмати рости он ба ноҳияи Шаҳритуз, қисмати чапаш ба ноҳияи Қумсангир тобеъ буд. Айни замон заминҳои ҳудуди мамнӯъгоҳ ба ноҳияи Дӯстӣ ва Қабодиён тааллуқ доранд.
Дар ҳудуди Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар қатори ҳайвоноти нодир, мурғи даштӣ, тазарв, 33 намуди ширхӯрон, шағолу гурбаи ёбоӣ, 26 намуди гуногуни хазандаҳо ва намудҳои камшумори онҳо мавҷуд мебошанд. Дар ин мамнӯъгоҳ морҳои куброи осиёимиёнагӣ, гурза, мори афъии регзор, тирмор, аз хазандагони калон тимсоҳи биёбонӣ ва сусмор дучор мешаванд, ки хеле хавфноканд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






