Бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз дар як қисми кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ мегардад

Август 24, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз, 24 август аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ карда мешавад.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, маҳдудияти барқ дар маҳаллаи Теппаҳои Шарқӣ (н.Шоҳмансур), кӯчаи Қаҳҳоров (н. Фирдавсӣ), кӯчаи Маяковский ва Ғафуров (н. Сино) дар назар аст.

«Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад», -зикр кард манбаъ.

 

Август 24, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд