Бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз дар як қисми кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз, 28 август аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ карда мешавад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудияти барқ дар кӯчаи Лермонтов, Ҳувайдулло Назаров, Карамов, Куприна, Охунбобоев, Лунагорский, Варзоби поён (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), қисме аз кӯчаи Айнӣ (н.Шоҳмансур), қисме аз кӯчаи Южная — Обходная (н. Фирдавсӣ), қисман маҳаллаи Испечак — 1, маҳаллаи Ҳамадонӣ (н.Сино) қувваи барқ хомӯш карда мешавад.
«Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад», -зикр кард манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






