БО «СОМОН ЭЙР» БА БУХОРОИ ШАРИФ! Имрӯз парвози нахустин дар ин хатсайр анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» имрӯз парвози нахустинро ба самти Душанбе –Бухоро ба роҳ монд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, назар арзиши чиптаи ҳавопаймо барои як самт аз Душанбе то Бухоро 443 сомонӣ буда, давомнокии парвоз як соатро ташкил медиҳад.
Ба роҳ мондани парвозҳои ҳавопаймо байни шаҳрҳои Душанбе ва Бухоро бо иқдоми ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифта, қадами муаасирест дар роҳи тақвияти робитаҳои судманд байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки беш аз пеш дар соҳаҳои гуногун тавсеа меёбанд.
Бояд тазаккур дод, ки ин сеюмин хатсайри нав аст, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири Душанбе – Тошканд, Душанбе- Анталия ва Душанбе Бухоро роҳандозӣ гардидааст.









Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






